Пайвандҳои дастрасӣ

То ҳол бисёре аз русҳо ба Сталин ба унвони раҳбари қаввӣ эҳтиром мегузоранд, вале баъзеҳои дигар ҳамчунон бар ин боваранд, ки вай масъулияти куштори миллионҳо нафарро дар давоми раҳбарии тақрибан 30-солаи худ бар ӯҳда дорад. Дар давраи ҳукмронии Иосиф Сталин миллионҳо шаҳрванди Шӯравӣ дар боздоштгоҳҳо ва ҳангоми кӯч додани ақаллиятҳои миллӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар бедарак шуданд. Бо вуҷуди ин, вай ҳамчунон яке аз шахсиятҳои машҳури таърихӣ боқӣ мондааст ва аз вай ба унвони раҳбаре ёд мекунанд, ки Иттиҳоди Шӯравиро дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ ба пирузӣ расондааст.

130 сол пеш дар ҳамин рӯз Иосиф Сталин ё Иосиф Ҷугашвили дар Гурҷистон дар шаҳри Гори ба дунё омад. Имрӯз коммунистҳои Русия бо гузоштани гулчанбар бар пояи лавҳаи ёдгории Сталин дар девори Кремл ва бо анҷоми раҳпаймоиҳо зодрӯзи вайро ҷашн гирифтанд. Ба ин муносибат коммунистҳо ба шуморе аз варзишгарони номдор, аз ҷумла ба Анатолий Карпов, қаҳрамони собиқи шатранҷи ҷаҳон, ба нишонаи бузургдошт аз зодрӯзи Сталин медалҳо тақдим карданд. Аъзои ҳизб ҳамчунин даъват карданд, ки интиқод аз раҳбарони зиддунақизро хотима диҳанд ва ба мардум имкон диҳанд, ки дар андешаҳои худ мустақил бошанд.

Назархоҳиҳои ахир нишон медиҳад, ки то ҳол аксари русҳо бар режими Сталин эҳтиром қоиланд. Як назархоҳӣ, ки маркази назарсанҷии саросарии Русия анҷом додааст, нишон медиҳад, ки 54 дарсади русҳо то ҳол аз режими Сталин ҷонибдорӣ мекунанд ва баръакс танҳо 8 дарсад онро намеписанданд. Соли гузашта дар як назарсанҷии телевизионӣ Сталин баъд аз Александр Невский, сарлашкари қарни 13-ум, ва Пётр Столипин, реформатори аввалҳои қарни 20-уми рус, мақоми севвумро дарёфт кард.

Дар арсаи сиёсии Русия номи Сталин баъд аз омадани Владимир Путин бар сари қудрат дар даҳаи гузашта дубора сари забонҳо омад. Аксари таҳлилгарон мегӯянд, ҳадаф аз чунин равиш ин аст, ки дар миёни ҷавонон хушбинӣ ба раҳбарони қаввиро ташвиқ кунанд. Ирина Шербакова ,аз гурӯҳи ҳуқуқи башари "Мемориал", мегӯяд, бояд хотираи қурбониёни режими Сталин гиромӣ дошта шавад ва набояд зодрӯзи вай мавзӯъи ҷашн бошад.

Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия, бо интиқоди ошкор аз Сталин дар тирамоҳи соли ҷорӣ ҳамаро дар тааҷҷуб гузошт. Вай зимни интиқод аз таъқиботи сиёсӣ фишорҳои Сталинро "бузургтарин фоҷеа дар таърихи Русия" арзёбӣ кард. Вай гуфт, ҳеҷ пешрафт ё муваффақияте ба баҳои ҷони одамӣ ба даст наомадааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG