Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти фаронсавиҳо дар Узбини Афғонистон


Дар Афғонистон бештар аз 1 100 нафар ниру ба сарпарастии нируҳои Фаронса дар водии Узбин бар зидди нируҳои Толибон ба амалиёти таҳоҷумӣ машғуланд. Бино ба гуфтаи мақомот, дар ин амалиёт 800 сарбози фаронсавӣ, 200 сарбози нируҳои вижаи Амрико ва сарбозони Афғонистон ширкат доранд. Бино ба гузоришҳо, дар ин амалиёт чанд нафар аз сарбозони амрикоӣ захмӣ шудаанд. Водии Ӯзбин ҷоест, ки моҳи августи соли 2008 Толибон дар як ҳамла аз камин 10 сарбози фаронсавиро кушта буданд. Бино ба гуфтаи мақомот, Толибон аз рокетандозу хумпораандоз ба нируҳо ҳамла кардаанд, вале нируҳои фаронсавӣ бо ҳимояти нируҳои амрикоӣ аз чархболҳо истифода кардаанд.
XS
SM
MD
LG