Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Амрико ба озмоиши мушаки миёнбурди Эрон


Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико аз озмоиши мушаки миёнбурди Эрон изҳори нигаронӣ кардааст. Ҷеофф Моррел-сухангӯи вазорати дифои Амрико гуфт, вазири дифоъ "аз амалкардҳои таҳрикомез"-и ахири Эрон "нигарон" аст. Дирӯз Эрон, он гуна, ки худаш мегӯяд, мушаки зудпарвоз ва миёнбурди "Сиҷил"-и худро озмоиш додааст. Ин мушак метавонад бо чунин бурд ҳадафҳоеро дар хоки Исроил ба нишон бигирад. Озмоиши мушакҳои миёнбурди "Сиҷил"-и Эрон замоне анҷом мегирад, ки кишварҳои бузурги ҷаҳон барои саркашии Эрон аз қатъи барномҳои ҳастаиаш таҳримҳои навро омода мекунанд.
XS
SM
MD
LG