Пайвандҳои дастрасӣ

Бонкҳои Амрико қарзҳои худро пардохт мекунанд


Бонки Wells Fargo-и Амрико ба нақша гирифтааст, ки ба маблағи 10,4 миллиард доллар саҳмияҳои худро ба фурӯш гузорад, то миқдоре аз қарзи 25 миллиард долларии худро пардохт кунад. Ин муассиса қарзро дар авҷи бӯҳрони молии ҷаҳонӣ аз ҳукумати Амрико гирифта буд. Эъломияи бонки мазкур, ки дар Сан-Франсиско ҷойгир аст, замоне пахш шуд, ки Citigroup гуфт, 20 миллиард доллар қарзи пардохткунандагони молиётро пардохт мекунад. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико зимни мулоқот бо бонкдорони кишвараш гуфт:

"Бонкҳои мо, ки бо кӯмаки давлат ва пардохткунандагони молиёт аз бӯҳрон раҳо мешаванд, ҳоло раҳоии бештар, низоми собити бонкӣ ва шукуфоии густардаеро вазифаи худ қарор додаанд".

Таҳлилгарон мегӯянд, бонкҳо пардохти қарзҳоро барои канорагирӣ аз бозрасии ҳукумат дар пеш гирифтаанд, зеро бад-ин тариқ мумкин аст ҳукумат бифаҳмад, ки мақомоти иҷроии бонкҳо чӣ қадр дастмузд мегиранд.
XS
SM
MD
LG