Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии журналистони тоҷик аз қарори маълумоти пулакӣ


Созмону ниҳодҳои журналистии Тоҷикистон рӯзи душанбе асосҳои ҳуқуқӣ ва амалии дастрасӣ ба иттилоот дар кишварро пас аз қабули қарор нави ҳукумат дар бораи маълумоти пулакӣ баррасӣ хоҳанд кард. Охири моҳи октябр ҳукумати Тоҷикистон қарор кард, талабгорони маълумот барои дарёфти он ба ниҳодҳои давлатӣ пул пардохт кунанд. Дар ҳоле ки давлат мегӯяд, ин қарор дастрасии хабарнигоронро ба иттилоъ маҳдуд нахоҳад кард, набуди ягон ишора ба ҷойгоҳи вижаи журналистон дар қарори мазкур кормандони расонаҳои ҳамагонии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Ҳамоиши онҳо дар шаҳри Душанбе бо талошҳои Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Иттифоқи журналистон, Конуни расонаҳои мустақили электронӣ ва сарпарастии намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG