Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Узбакистон


Ба иттилои чандин расонаи интернетӣ, шаҳрванди Тоҷикистон, Зоир Саидов дар роҳи сафар аз Русия ба ватанаш, дар Узбакистон ба ҳабс гирифта шудааст. Вай тавонистааст, дар ин бора ба аҳли хонаводаи худ хабар диҳад. Мақомоти амниятии Узбакистон Зоир Саидови 28-соларо айбдор мекунанд, ки хостааст, китобҳои исломиро ба Тоҷикистон интиқол диҳад. Худи ӯ гуфтааст, китобҳоро барояш донишҷӯи Донишкадаи исломии "Абу Нур"-и Сурия, Абдулҳай Абдураҳимов додааст. Раиси Маркази исломии ҳуқуқи инсон, Ғазалия Куканшоева ба хабарнигорон гуфтааст, Саидов сабаби боздошташро намедонад ва мегӯяд, ӯро дар маҳбас шиканҷа медиҳанд. Мақомоти Узбакистон китобҳоеро, ки Саидов интиқол медод, адабиёти тундравона шумурдаанд, вале ҳамраиси Шӯрои муфтиёни Русия, Нафиқулло Аширов расман изҳор доштааст, ки китобҳои Саидов, ба монанди "Қонунҳои шариати заноно мусулмон", "Сад савол аз дин", "Асосҳои иҷрои ҳаҷ", "Таҳорати дил" сирфан динӣ ва фиқҳӣ буда, рабте ба тундгароӣ надоранд.
XS
SM
MD
LG