Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Ироқ шарҳи Моликиро мунтазир аст


Қарор аст, имрӯз Нурӣ Ал-Моликӣ - нахуствазири Ироқ, дар ҷаласаи махсуси порлумон ба назди вакилони мардумӣ ҳозир шуда ва ба суолҳои онҳо доир ба бомбгузориҳои хунини рӯзи сешанбе посух бигӯяд. Панҷ бомбгузории ҳамоҳангшуда дар назди қароргоҳҳои ҳукуматӣ, ки ҳудуди 130 нафарро кушта ва бештар аз 400 тани дигарро маҷрӯҳ кард, сабаби хашми вакилону мардум аз нерӯҳои амниятӣ шуд, ки натавонистанд, аз ин ҳамлаҳо ҷилавгирӣ кунанд. Рӯзи чаҳоршанбе, Нурӣ Ал-Моликӣ яке аз маъмурони баландпояи амниятиро аз мақомаш барканор кард ва гуфт, эҳтимоли тағйироти дигаре дар раҳбарияти ниҳодҳои интизомӣ вуҷуд дорад. Дигар ин ки як ҳалқаи Ал-Қоида дар Ироқ бино ба гузоришҳои маъсулияти бомбгузориҳои хунинро бар ӯҳда гирифтааст. Ду бомбгузории шабеҳ дар Бағдод дар моҳҳои август ва октябр сабаби ҳалокати бештар аз 250 нафар шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG