Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон раиси нави амнияти миллӣ таин шуд


Порламони Қазоқистон имрӯз номзадии Одил Шояҳмедовро ба мақоми раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ба тасвиб расонд. Шояҳмедов дар мулоқот бо рӯзноманигорон гуфтааст, Амонгелдӣ Шабдарбоев-раиси пешини ин кумита бояд аз маҳорати худ ва саҳмаш дар беҳбуди фаъолияти Кумитаи амнияти миллии кишвар ифтихор кунад. Раиси нави кумита 53 сол дорад ва чанд сол намояндаи порламон буд. Вай афсари касбии амниятист. Шояҳмедов соли 1982 мактаби олии амнияти шаҳри Минскро хатм кардааст. Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон Шабдарбоев-раиси пешини кумитаро баъд аз моҷароҳои миёни ниҳодҳои амниятӣ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ аз мақомаш барканор кард. Вай мушовири раиси ҷумҳур дар масоили амниятӣ таин шуд.
XS
SM
MD
LG