Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми нав алайҳи майор Нидал Ҳасан


Алайҳи равоншиноси низомии амрикоӣ майор Нидал Ҳасан, ки 5 ноябри соли равон дар як пойгоҳи низомӣ дар аёлати Техас 13 нафарро ҳадафи тир қарор дода буд, иттиҳоми нав эълон шуд. Нидал Ҳасан, ки қаблан дар куштор муттаҳам шуда буд, ин дафъа дар кӯшиши куштор ҳам айбдор гардид, зеро ба асари тирпарронии ӯ чандин нафар ҷароҳат бардошта буданд.
Ахиран ҳамчунин эълон шуд, ки вазъи рӯҳии майор Ҳасан замони вуқӯъи ҳодиса дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ бозрасӣ мешавад. Дар ин ҳодиса худи Нидал Ҳасан ҷароҳати сангин бардошта буд. Тафтиши сабабҳои тирпарронии ӯ сӯи ҳамсилоҳҳояш идома дорад.
XS
SM
MD
LG