Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози баҳс доир ба барномаҳои атомии Эрон


Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ нишасти дурӯзаеро дар шаҳри Вена оғоз кард, ки дар он сарпечии Эрон аз иҷрои қатъномаҳои байналмилалии марбут ба барномаҳои атомии он баррасӣ мешавад. Панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал, Бритониё, Чин, Фаронса, Амрико ва Русия бар иловаи Олмон тарҳи қатъномаи дигаре барои пешниҳод дар ин нишаст таҳия кардаанд. Шӯрои 25 узвии ҳуккоми Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, бо раъйдиҳӣ ба ин қатънома метавонанд, Эронро барои амалкардҳояш маҳкум кунанд. Ҳамоиши мазкурро бори охирин Муҳаммад Ал- Бародаӣ - мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ раҳбарӣ хоҳад кард, ки пас аз 12 сол рӯзи душанбе аз ин мақомаш меравад.
XS
SM
MD
LG