Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 12 нафар дар таркише дар Фараҳ


Бар асари ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Фараҳ, воқеъ дар ҷанубу ғарби Афғонистон, 12 нафар кушта ва 35 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи полис, як маргталаби савори мотосикл худро дар як минтақаи пуриздиҳоми шаҳр мунфаҷир кард.
Як рӯз қабл аз ин ҳодиса дар Кобул маросими савгандёдкунии раисиҷумҳур Ҳомид Карзай баргузор шуд. Дар ин маросим ӯ изҳор намуд, ки ҳадафи аслии ҳукумати нави Афғонистон – таъмини амният дар саросари кишвар ва мубориза бо фасод хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG