Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Ҳомиди Карзай ба мардум


Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон бо адои савганди расмӣ ваъда дод, ки то анҷоми даври дигари панҷсолаи раёсати ҷумҳуриаш, нерӯҳои Афғонистон масъулияти таъмини амният дар кишварро бар ӯҳдаи хеш хоҳанд гирифт. Ҳангоми суханронии расмӣ, Ҳомиди Карзай ҳамчунин гуфт, ки ба “фарҳанги масуният” дар Афғонистон хотима хоҳад дод. Вай афзуд, вазирон дар ҳукумати наваш, “масъул, касбӣ ва дар хидмати миллат” хоҳанд буд. Дар расми адои савганди Ҳомиди Карзай, садҳо нафар аз раҳбарони қабоили Афғонистон ва меҳмонони баландпояи хориҷӣ ширкат доштанд. Ӯро баъди як интихоботи ҷанҷолбарангез ва олуда ба тақаллуб, дувуми ноябр раиси ҷумҳури Афғонистон эълом карданд.
XS
SM
MD
LG