Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳром Ҳамроев аз боздошт озод шуда ба Маскав рафт


Баъди боздошту истинтоқи якшаба аз ҷониби ходимони амниятии Қирғизистон Баҳром Ҳамроев, як корманди созмони русии мудофеи ҳуқуқи инсон “Мемориал” озод шуда имрӯз ба Маскав парвоз кард. Ӯро дирӯз шом кормандони Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар шаҳри Ӯш боздошт карданд, ки вай он ҷо машғули таҳқиқи иттиҳомоти марбут ба азияту озори мусалмонон будааст. Созмони амрикоии Дидбони ҳуқуқи башар (Human rigts watch) бо нашри изҳороте гуфт, ки боздошти ӯву як корманди дигари созмони ҳуқуқи башари маҳаллӣ (Иззатулло Раҳматуллоев) ба фаъолияти касбии онҳо вобаста будааст. Баҳром Ҳамроев баъди расидан ба Маскав дар сӯҳбат бо хабарнигори бахши русии радиои Озодӣ гуфт, ки ходимони амниятӣ аз дасти ӯ санаду телефон, дафтару дастгоҳҳои сабти садояшро забт кардаанд, ки дар он сӯҳбатҳои мусоҳибони азиятшудаи вай дар Қирғизистон ҷамъоварӣ шуда буд. Вай гуфт:

“Он ҷо санад хеле зиёд аст: ҳукмҳои додгоҳӣ, рӯйхати одамоне, ки аз рӯи парвандаҳои сиёсиву мазҳабӣ дар Қирғизистон маҳкум шудаанд ва ё онҳое, ки интизори баргузории додгоҳ мебошанд. Ман бо хешу табор, падару модарони онҳо вохӯрда будам. Ҳамаи ин маводро аз дастам мусодира карданд. Ман метарсам, ки ҳоло болои онҳо фишор меоранду ҳолашонро бад хоҳанд кард”.

Созмонҳои мудофеи озодии баён дар Қирғизистон мегӯянд, ки дар ин кишвар мавридҳои боздоштшавии мусалмонони оддӣ бо иттиҳоми пуштибонӣ аз фаъолиятҳои экстремистӣ кам нест ва соли гузашта баъди ташкили эътирози зиддиҳукуматии 32 сокини шаҳри Навкати вилояти Ӯш мақомот онҳоро дар фаъолиятҳои экстремистӣ муттаҳам карданд.
XS
SM
MD
LG