Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҳи сабуки пунбапарварони фақири тоҷик


Ҳукумати Тоҷикистон эълом кард, ки баргардонидани садҳо миллион доллар қарзи муассисаҳои кишоварзии пахтарпарварро бар ӯҳдаи худ мегирад. Муассисаҳои мазкур то кунун аз ҳукумату сармоягузорон 750 миллион доллар қарздор шудаанд, ки иллати инро дар коргузории нодуруст ва фиреби сармоягузорон медонанд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ аз ин маблағ 435 миллион доллар пурра ва 113 миллион доллар ба ивази қоғазҳои гаронбаҳо, бахшида мешаванд. Ҳамчунин масъалаи 154 миллион доллари боқимонда, ки ба гуфтаи мақомот сармоягузорон нодуруст сарф кардаанд, сар аз соли оянда ҳал хоҳад шуд. Созмонҳои молии сармоягузори Тоҷикистон аз ҳукумат хоста буданд, то мушкили муассисаҳои то баногӯш дар қарз фӯру рафтаро ҳарчӣ зудтар ҳал кунад.
XS
SM
MD
LG