Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз чароғҳои маъмулӣ даст кашид


Дар як талоши дигаре барои коҳиши талафоти нерӯи барқ ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор фурӯши чароғҳои барқии тафсонро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ кард. Тоҷикистон, ки дар зимистони мӯҳтоҷи нерӯи барқ мешавад, баҳори имсол воридоти ин навъи чароғҳо ба қаламрави кишварро мамнӯъ карда буд. Истифода аз чароғҳои каммасраф, ки қиммати болотаре доранд, ҳоло аз тарафи матбуоти расмии Тоҷикистон тарғиб мешавад, аммо на ҳамаи мардуми камбизоати кишвар тавони хариди чароғҳои каммасрафро доранд. Ҳукумати Тоҷикистон ваъда додааст, то севуним соли дигар басти аввали нерӯгоҳи азими барқи обии Роғунро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода ва мардумро аз мушкили камбуди нерӯи барқ халос мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG