Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби Назарияи ҳамкориҳои низомӣ дар Душанбе


Дирӯз вазирони дифои кишварҳои мустақили ҳамсуд дар 57-ӯмин нишасти худ дар шаҳри Душанбе "Назарияи густариши ҳамкориҳои низомии вазоратҳои дифоъ то соли 2015"-ро ба тасвиб расонданд. Дар ин назария, аз ҷумла таҳкими амният дар густараи Шӯравии собиқ, дохил мешавад. Ширкаткунандагони ин нишаст таъкид карданд, ки системи муштараки дифоъи зидди ҳавоии кишварҳои узв тибқи назарияи мазкур барои 5 соли оянда пеш меравад. Дар нишасти Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои ҳамсуд вазирони Арманистону Озарбойҷон, Русияву Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва ӯзбекистону Украина ширкат карданд. Вазири Молдавия дар ин нишаст ширкат надошт.
XS
SM
MD
LG