Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ва сохтмони роҳи Читрол-Тоҷикистон


Салим Хон- вазири фавоиди оммаи вилояти Читроли Покистон ба матбуот гуфтааст, Читрол метавонад дарвозае барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад. Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон кӯтоҳтарин роҳ ба кишварҳои Осиёи Марказист ва он дар иқтисоди Читрол инқилоб ба вуҷуд меорад. Салим Хон гуфтааст, ҳукумати федеролӣ бо назардошти чунин бартарӣ сохмони чунин роҳро усулан ба тасвиб расондааст. Вай ин нуктаро дар мулоқоте дар Гармчашма, дар 45 километрии Читрол баён доштааст. Вай гуфтааст, Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон тарҳи сохтмони ин роҳро таъйид кардааст ва ин роҳ сохтмони 5 километр туннелро низ дар бар мегирад. Вазири фавоиди оммаи вилояти Читроли Покистон ба матбуот гуфтааст, шоҳзода Карим Оғохони чаҳор низ хостори сохтмони ин роҳ шудааст ва розист, ки дар сохтмони он сармоягузорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG