Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Руминия кобинаи навро напазируфт


Парлумони Руминия бо аксарияти оро кобинаи нави вазирон таҳти раҳбарии номзад ба мақоми сарвазир Лучиан Кройторуро радд кард. Раисиҷумҳур Траян Басесуку аллакай гуфтааст, ки ӯ ё ягон нафари дигарро ба симати сарвазирӣ пешбарӣ мекунад ваё ҳукумати феълиро то интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 22 ноябр нигоҳ хоҳад дошт. Аммо радди салоҳият шудани кобинаи Кройтору шонси Бухарест барои дарёфти 20 миллиард евро қарз аз Сандуқи байналмилалии пулро зери хатар мегузорад. Руминия ба хотири дарёфти ин кӯмаки молӣ мебоист то 10 декабр будҷаи шадидан ихтисоршудаеро барои соли оянда қабул мекард.
Вале дар ғайри сурати ташкили зуди кобинаи нав тасвиби ин будҷа ғайримумкин ба назар мерасад.
XS
SM
MD
LG