Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Караҷич мутаваққиф шуд


Додгоҳи ҷиноёти ҷангии Югославияи собиқ муҳокимаи парвандаи Радован Караҷичро оид ба наслкушӣ ба мӯҳлати дигар вогузор карда гуфт, ки ҳафтаи ҷорӣ тарзи бархӯрд бо идомаёбии бойкоти додгоҳро аз ҷониби Караҷич арзёбӣ ва эълон хоҳад кард. Раҳбари пешини сербҳои Босния имрӯз бори аввал дар мурофиаи додгоҳии худ ҳозир шуд ва гуфт, ки шурӯи муҳокимаи парвандаи ӯ бидуни ширкати вай ҳуқуқи ӯ поймол шудааст. Вай гуфт:

“Ман додгоҳро бойкот карданӣ нестам. Аммо ман намехоҳам дар коре, ки аз оғоз иштибоҳӣ будаасту ҳуқуқи бунёдии ман бар тибқи банди 21-уми мақоми трибунали байналмилалӣ, яъне ҳуқуқ барои фурсати зарурӣ ва шароит барои дифоъ аз худ поймол мешавад, ширкат кунам”.

Караҷич се рӯзи аввали мурофиаи додгоҳии худро, ки ӯро дар 11 мавриди рафтори ваҳшиёна дар ҷанги Босния муттаҳам мекунад, бойкот карда буд. Вай гуфт, ки барои дифоъ аз худ фурсати кам дар ихтиёр доштааст. Додгустар аз қозиҳои додгоҳ тақозо кардааст, ки ба таври таҳмилӣ ба Караҷич як вакили дифоъро таъин кунанд, то ки мурофиа ҳатто дар сурати бойкоти Караҷич идома пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG