Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо


Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар шаҳри Брюссел ҷидду ҷаҳд доранд, то ихтилофоти назари хеш дар мавриди кӯмакҳои молӣ барои муқобилаи кишварҳои камбизоат бо гармоиши иқлимро рафъ намоянд. Бино ба гузоришҳо, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо пешниҳоди наверо баррасӣ мекунанд, ки бар асоси он кишварҳои сарватмандтари иттиҳодия бояд назар ба кишварҳои фақиртари шарқии Иттиҳодияи Аврупо барои муқобила бо гармоиши курраи Замин пули бештар пардозанд. Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо умедворанд, то ҳамоиши байналмилалӣ дар мавриди тағйири иқлим дар шаҳри Копенҳаген ба тавофуқ бирасанд. Рӯзи панҷшанбе, Иттиҳодияи Аврупо тарҳи хостаи Ҷумҳурии Чехро тасвиб кард, то дар иваз раиси ҷумҳури он кишвар Аҳдномаи Лиссабонро имзо намояд. Ба ғайр аз Ҷумҳурии Чех дигар аъзои иттиҳодияи ин санади муҳими Иттиҳодияи Аврупоро тасвиб кардаанд.
XS
SM
MD
LG