Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидгоҳи Амрико ва СММ ба ҳамлаи хунини Кобул


Амрико ва СММ мегӯянд, ҳамлаи субҳи чоршанбе ба меҳмонсарои СММ дар Кобул, ки 11 нафар, бо шумули 5 корманди Милали Муттаҳидро кушта ба ҷо гузошт, онҳоро наметарсонад. Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун ин ҳамларо “нангин ва ваҳшиёна” номида, маҳкум кард, вале гуфт, ки он монеъи фаъолияти СММ дар Афғонистон нахоҳад шуд. Ҳамлаи дирӯзаро Шӯрои Амнияти СММ низ маҳкум кард. Кохи Сафед низ гуфта, ки ин ҳамла ба ҳадаф нахоҳад расид.
Сухангӯи Толибон аз номи ин гурӯҳ масъулияти ҳамлаи Кобулро баро дӯш гирифта гуфтааст, ин нахустин иқдоми онҳо ба манзури тахриби даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон аст, ки ба рӯзи 7 ноябр таъйин шудааст.
Авҷи нави хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама қарор аст, ба зудӣ тасмимаш дар мавриди ирсоли нирӯи изофӣ ба он кишварро бигирад.
XS
SM
MD
LG