Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Роғун


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздидаш аз водии Рашт дирӯз аз маҳалли бунёди нирӯгоҳи Роғун дидан кард. Оқои Раҳмон аз кулли ҳамватанонаш дар дохил ва хориҷ даъват кард, дар амри эҳдоси ин нирӯгоҳи сарнавиштсоз ба таври моддиву маънавӣ саҳм бигиранд. Душанбе ҳазинаи эҳдоси ин нирӯгоҳро 2 миллиард доллар баровард мекунад, вале то кунун барои бунёди Роғун сармоя пайдо накардааст. Давлати Тоҷикистон бунёди нирӯгоҳи Роғунро, ки баландии сарбандаш 335 метр ва иқтидори тавлидотиаш 3600 мегаваттро ташкил хоҳад дод, дар амри таъмини истиқлолияти энержии кишвар фавқулодда муҳим медонад.
XS
SM
MD
LG