Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи конститутсионӣ тасмимгириро ба таъхир гузошт


Додгоҳи Қонуни асосии Ҷумҳурии Чех тасмимгирӣ оид ба мутобиқати Созиши Лиссабон оид ба истилоҳоти Иттиҳодияи Аврупо ба қавонини кишварро то рӯзи 3 ноябр мавқуф гузошт. 17 узви Сенати Чехия имрӯз хостори таҳқиқи ин мавзӯъ шуданд, зеро аз нигоҳи онҳо, ин санад ба истиқлолу якпорчагии кишвар латма мезанад. Гуфта мешавад, дар сурати пазируфта шудани ин Созиш олмониҳои Судет метавонанд даъвои баргардонидани замин ва моликияти худ дар Ҷумҳурии Чех шаванд. Мақомоти Чехия аз Иттиҳодияи Аврупо талаб доранд, ки дахлнопазирӣ ба ин замину моликиятро кафолат диҳад. Ин мавзӯъ рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел баррасӣ хоҳад шуд.
Ҷумҳурии Чех ягона кишварест, ки Созиши Лиссабон оид ба истилоҳоти Иттиҳодияи Аврупоро тасвиб накардааст. Парламенти кишвар аз ин санад пуштибонӣ кард ва аммо раисиҷумҳур Ватслав Клаус аз гузоштани имзо зери он худдорӣ намуд ва гуфт, ки тасмими Додгоҳи Қонуни асосиро интизор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG