Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон "профессори фахрӣ"-и МГУ шуд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷумъа, дар рӯзи севвум ва ниҳоии сафари давлатиаш ба Русия дар шаҳри Маскав бо ҳайъати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ба номи Михайло Ломоносов, бо донишмандони Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Маскав ва ҳам бо намояндагони беш аз 40 ҷамъияти муҳоҷирони тоҷики муқими Русия мулоқот кард. Оқои Раҳмон дар мулоқот бо муҳоҷирин гуфт, мавзӯъи муҳоҷират дар ҷараёни ин сафар ва ҳама дидору музокиротҳояш бо мақомоти Русия аз мавзӯъҳои асосӣ будааст.
Дар Донишгоҳи Ломоносов ва Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Маскав ба Эмомалӣ Раҳмон унвони “профессори ифтихорӣ”-ро эъто карданд. Боздиди президенти Тоҷикистон аз Русия имрӯз ба поён расид.
XS
SM
MD
LG