Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти хабарии Раҳмон ва Медведев


Ин лаҳзаҳо дар Кохи Кремл нишасти хабарии муштараки Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон идома дорад. Дмитрий Медведев дар ин нишаст гуфт, ки бо Эмомалӣ Раҳмон авзоъи Афғонистонро баррасӣ кардааст, ки ҳоло назар ба гузашта печидатар шудааст. Дар баёнияи муштараки раисони ҷумҳур омадааст, ки ду тараф ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи фанниву низомӣ таъкид варзидаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишасти хабарӣ гуфт, масоили муҳими ҳамкориҳои дутарафаро баррасӣ кардаанд. Ба гуфтаи вай ҳарду тараф аз ҳамкориҳои мавҷуд ибрози қаноатмандӣ намудаанд.

XS
SM
MD
LG