Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сипари зиддимушакӣ таъсис намешавад"


Як мақоми баландпояи вазорати дифои Амрико имрӯз гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ният надорад ки сипари зиддимушакии худро дар кишварҳое ҷойгир кунад, ки узви НАТО нестанд. Александр Вершбоу, ёвари вазири дифои Амрико дар сӯҳбат бо матбуот дар Тифлис имрӯз гуфт, ки Вашингтон инчунин дар андешаи ин нест, ки як пойгоҳи низомиашро дар хоки Гурҷистон таъсис диҳад. Чанде пеш мақомоти Русия бо нигаронӣ изҳор карданд, ки Амрико метавонад дар фикри таъсиси қароргоҳи ҳарбии худ дар хоки Украина ё Гурҷистон бошад.
XS
SM
MD
LG