Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар канори Фалуҷа чаҳор низомии ироқӣ кушта шуданд


Бар асари таркиши мина дар ғарби Ироқ дасти кам чаҳор низомии кишвар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи полис, ин ҳодиса дар канори шаҳри Фалуҷа дар шоҳроҳе рух дод, ки ин минтақаро бо Бағдод мепайвандад. Имрӯз ҳамчунин аз вилояти Анбор хабар расид, ки бар асари инфиҷори мошини ҳомили маводи тарканда як пул дар шаҳри Ромадӣ комилан тахриб шудааст. Айни ҳол ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳе, ки Бағдодро бо Сурия ва Урдун мепайвандад, қатъ шудааст.
XS
SM
MD
LG