Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар масҷиди сунниҳои Ироқ


Рӯзи ҷумъа бар асари таркиши маргталабе дар вилояти шимолии Найнавои Ироқ дасти кам 11 нафар кушта ва 60 тани дигар захмӣ шуданд. Гузориш ҳокист, ки марди ҳамлагар ҳангоми намози ҷумъа дар шаҳри Талафар дохили як масҷиди сунниҳо шуда нахуст оташ кушод ва баъдан камарбанди маводи мунфаҷираро ба кор андохт. Ҳарчанд мизони хушунатҳо дар Ироқ аз соли гузашта ба ин сӯ коҳиш ёфтааст, вале вазъ дар атрофи Мосул ҳамоно бесубот боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG