Пайвандҳои дастрасӣ

Қавли Покистон баъди ҳамлаҳои тундравон


Ба думболи ҳамлаҳои хунини тундравон дар Покистон, ки дирӯз тақрибан 40 нафарро куштанд, ҳукумати ин кишвар қавл дод, ки ин тундравони хашинро нобуд хоҳад кард. Рӯзи панҷшанбе се таъсисоти мақомоти интизомии шаҳри Лоҳур, саввумин шаҳри бузургтарини Покистон мавриди ҳамлаи ҳамоҳангшудаи тундравон қарор гирифт. Дар ҳамлаи дигари интиҳорӣ дар назди посгоҳи пулиси шаҳри шимолуғарбии Куҳот, 11 нафар ҳалок шуданд ва инфиҷори мошини бомбгузоришудаи дигар дар Пешовар ҷони як кӯдаки бегуноҳро гирифт. Дар маҷмӯъ дар натиҷаи ҳамлаҳои ситезаҷӯён дар Покистон дар зарфи ду ҳафтаи гузашта 150 нафар ҳалок шуданд. Айни замон нерӯҳои Покистон барои оғози амалиёти низомӣ ба Толибон дар такягоҳи аслиашон дар Вазиристони Ҷанубии ҳаммарз бо Афғонистон омодагӣ мегирад.
XS
SM
MD
LG