Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русияи воҳид" - пешгоми интихоботи маҳаллӣ


Ҳизби ҳокими “Русияи Воҳид” дар интихоботи маҳаллии ин кишвар қариб ҳама курсиҳоро аз они худ кард. Бар тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ, ин ҳизб ҳамоно чун пурнуфузтарин ҳизби Русия арзёбӣ мешавад. Номзадҳои “Русияи воҳид” барои бурдани мақомҳои раисони шаҳрдорӣ, минтақа ва ноҳияҳои 76 минтақаи ин кишвар муваффақ шуданд. Куллан дар Русия 83 минтақа мавҷуд аст. Бар тибқи натиҷаҳои пешакӣ, ҳоло намояндаҳои ин ҳизб бо 66 дар сади овозҳо дар интихобот пешқадам шуда баъди онҳо коммунистҳо бо фосилаи калони 13 % қарор гирифтаанд. Ин фақат ду ҳизбе будааст, ки садди 7-дарсадиро барои бурдани ҷойҳо дар маҷлиси Маскав убур кардаанд. Ҳизби либералии “Яблоко”, ки қаблан танҳо ҳизби мухолифин дар парлумон маҳсуб мешуд, бо 5 дар сади раъйҳои бадастовардааш дигар ҳеҷ шонси роҳ ёфтан ба парлумонро надорад. Номзадҳои мухолифин ва нозирони интихоботӣ мегӯянд, тақаллуби саросарӣ ҳангоми раъйдиҳӣ намоишгари воқеии он буд, ки раиси ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев натавонист ваъдаҳои худро оид ба таҳкими муқаррароти демократӣ дар кишвар муваффақ шавад.
XS
SM
MD
LG