Пайвандҳои дастрасӣ

Саркисян ба Туркия меравад


Раиси ҷумҳурии Арманистон Серж Саркисян тасдиқ кард, ки рӯзи чоршанбе ният дорад барои ширкат дар як сабқати футбол ба Туркия сафар кунад. Ин хабар баъди он пахш шуд, ки рӯзи шанбе вазирони хориҷаи Туркияву Арманистон як созишномаи таърихиро оид ба азсаргирии равобити дипломатӣ ва хатми хусуматҳои қариб садсола ба имзо расонданд. Ин созишнома ҳоло бояд аз ҷониби парлумонҳои ҳарду кишвар қабул шавад. Рӯзи якшанбе нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз Арманистон даъват кард, ки аз хоки минтақаи баҳсбарангези Қаробоғи кӯҳӣ, ки дар қаламрави Озарбойҷон ҷойгир аст, берун шавад, то ки парлумони Туркия бо қабули созишномаи мазкур мувофиқат кунад. Моҳи сентябри соли гузашта раиси ҷумҳурии Туркия Абдуллоҳ Гул даъватномаи Саркисянро барои ширкат дар сабқати футболбозони миёни ду кишвар барои Ҷоми ҷаҳонии соли 2010, ки қарор аст дар Африқои Ҷанубӣ баргузор шавад, пазируфта буд. Ва бозии рӯзи чоршанбе ҳамчун даъвати ҷавобии Туркия ба раҳбари Арманистон арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG