Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Берлусконӣ аз тасмими Додгоҳи Қонуни асосӣ норозист


Силвио Берлусконӣ, сарвазири Италия, мегӯяд, тасмими ахири Додгоҳи Қонунии асосии кишвар, ки дахлнопазирии раҳбарони кишварро лағв кардааст, ангезаи сиёсӣ дорад. Ахиран ин додгоҳ қонун дар бораи дахлнопазирии мақомоти олии кишвар, аз ҷумла, сарвазирро, хилофи Қонуни асосии кишвар арзёбӣ кард. Қонун дар бораи дахлнопазирии мақомот соли гузашта қабул шуда буд. Силвио Берлусконӣ дар фасод гумонбар мешавад ва тасмими ахири Додгоҳи Қонуни асосӣ маънои онро дорад, ки мурофиаҳо аз рӯи парвандаҳо алайҳи ӯ идома хоҳанд кард. Берлусконӣ ин мурофиаҳоро эътироф намекунад ва бори дигар эълом дошт, ки ба истеъфо рафтанӣ нест.
XS
SM
MD
LG