Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимони ИМА ва Исроил соҳиби ҷоизаи Нобел шуданд


Ҷоизаи Нобели Химияро имсол ба ду олими амрикоӣ ва як олими исроилӣ барои таҳқиқи таркиби рибосом як қисме аз ҳуҷайраи инсон сазовор донистанд.

Рибосом як таркиби ҳуҷайра аст, ки сафедаҳои лозим барои тамоми моддаҳои кимиёвии ҷисми мавҷудоти зиндаро ҳосил мекунанд. Ҷоизаи як миллиону 400 ҳазор долларӣ рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Стокҳолм дар Кумитаи Нобел дар Фарҳангистони салтанатии улуми Шветсия эълом шуд.

Фарҳангистони салтанатии улуми Шветсия, қарор кард, то Ҷоизаи химияи Нобел барои соли 2009–ро ба профессор Венткатраман Рамакришан, профессор Томас Стейтз, профессор Адо Ёнат барои корашон дар таҳқиқи сохтор ва фаъолияти рибосомаҳо тақдим шавад.

Дар баёнияи фарҳангистон гуфта мешавад, кори ҳар се донишманд барои таҳқиқи зиндагӣ бунёдӣ буда ва ба пажӯҳишгарон имкон додааст, то барои дармони бемориҳои мухталиф антибиотикҳои нав офаранд. Ҳар се олим, моделҳои себӯъдиеро сохтанд, ки нишон медиҳад, чӣ гуна антибиотикҳо ба рибосомаҳо ба таври гуногун таъсир мегузоранд.

Фарҳангистони Салтанатии Улуми Шветсия мегӯяд, ҳоло ин моделҳоро олимон барои офаридани антибиотикҳои нав истифода карда ва ҳамингуна дар наҷоти зиндагии одамон ва коҳиши ранҷи онҳо саҳм мегузоранд.

Рибосомаҳо, сафеда ва ё гемоглобинҳои ҳомили оксиген, подтанҳо барои масунияти бадан, гормонҳо ба мисли инсулин ва таркибҳои дигари муҳими инсонро меофаранд, ки қандро дар ҷисми инсон аз байн мебаранд. Дар ҷисми мавҷудоти зинда, ҳазорон навъи протеинҳо аст, ки ҳар яке шакл ва фаъолияти гуногунро доранд. Онҳо таркиби химиявии мавҷудоти зиндаро шакл медиҳанд ва донистани хосияти онҳо, барои донистани ҳаёти мавҷудоти зинда аз назари илмӣ ниҳоят муҳим аст.

Ба гуфтаи Фарҳангистони Саланатии Улуми Шветсия, ҳоло антибиотикҳо тавре асар мекунанд, ки маҳз монеъи амали ҳамон рибосомаҳои олуда ба бактерия мешаванд ва намегузоранд, беморӣ рушд кунад. Бактерияҳо бидуни рибосомаҳои фаъол зинда намемонанд.

Адо Янот чаҳорумин донишманди зан, ки аст, ки тайи як қарн ҷоизаҳои Нобелро ба даст меоранд. Вай дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигорон аз шунидани ин хабар эҳсоси хушҳолиашро пинҳон надошта, гуфт, «ман бисёр ва бисёр хушҳолам, ин болотар ва фаротар аз рӯъёҳои ман аст».

Ҷоизаи химияи Нобел аз саввумин аз силсилаи ҷоизаҳои Кумитаи Нобел аст, ки ин ҳафта ва ҳафтаи оянда барандагони онро эълом мекунанд. Рӯзи панҷшанбе барандаи Ҷоизаи адабии Нобел ва рӯзи душанбе барандаи ҷоизаи иқтисодии Нобел эълом хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG