Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти яке аз омилони аслии наслкушиҳои Руанда


Мақомот дар Уганда мегӯянд, яке аз нафарони аслие, ки дар ҷиноятҳои наслкушии Руанда дар соли 1994 муттаҳам мешуд, боздошт шудааст. Раиси пешини хадамоти кашф Иделфонзе Низеймана барои ташкили қатлҳои оми қавми тутсӣ ва ҳуту, ки куллан 800 ҳазор нафарро ташкил медоданд, масъул дониста мешавад. Сухангӯи ҳукумати Уганда гуфт, ки Низеймана аз ҷониби Интерпол рӯзи душанбе дар шаҳри Кампала боздошт шуд. Барои боздошти Низеймана ИМА панҷ миллион доллар ҷоиза таъйин карда буд. Акнун Низеймана бояд ба шаҳри Арушаи Танзания барои таслим шудан ба трибунали ҷиноии байналмилалии Руанда интиқол дода мешавад.
XS
SM
MD
LG