Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Тоҷикистон ба ҳамоиши бузург


Фардо дар Тоҷикистон ҳамоиши илмии байналмилалӣ таҳти унвони “Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир” оғоз меёбад, ки рӯҳониён ва донишмандони беш аз 50 кишвари дунё дар он ширкат меварзанд. Дар Тоҷикистон, ки мардуми мусулмонаш пайрави мазҳаби ҳанафия мебошанд, имсолро соли Имоми Аъзам эълом кардаанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар ҳамоиши байналмилалӣ, ки ду рӯз идома хоҳад ёфт, роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи дини Ислом ва шохаи ҳанафия суханронӣ хоҳад шуд. Дар остонаи ифтитоҳи ҳамоиш, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон як масҷиди бузургеро дар ноҳияи Ҳисор дар ҳошияи шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард, ки барои намозгузории 10 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG