Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъномаи поксозии ҷаҳон аз силоҳ қабул шуд


Шӯрои амнияти СММ имрӯз бо раъйи оро қатъномаи бо ташаббуси ИМА пешниҳодшуда оид ба поксозии ҷаҳон аз силоҳҳои ҳастаиро қабул кард. Ин қатънома дар як нишасти 15 узви шӯро, ки бо раҳбарии раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама ҷараён гирифт, қабул шуд. Обама гуфт:

“Қатъномаи таърихие, ки ҳамин ҳоло қабул кардем, бозгӯи тааҳҳуди муштараки мо оид ба расидан ба ҳадафи умумии ҳамаи мо, яъне ҷаҳони бидуни силоҳ аст. Ва он созишномаи Шӯрои амниятро вориди як чаҳорчӯби густардаи амал ба хотири коҳиши хатари силоҳҳои ҳастаӣ мегардонад”.

Қатъномае, ки ба он СММ сармоягузорӣ кардааст, ҷилавгирӣ аз густариши силоҳҳои атомӣ, таблиғи халъи силоҳ ва коҳиши хатари терроризми ҳастаиро ҳадафи худ қарор медиҳад. Ин санад аз кишварҳое, ки то ҳол Паймони адами тавсеаи силоҳҳои ҳастаӣ ва Аҳдномаи фарогири манъи озмоишҳоро имзо накардаанд, даъват мекунад, ки дар қабули онҳо таъхир накунанд.
XS
SM
MD
LG