Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуввияти қотили сарҳанг Саидов мушаххас шудааст


Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ба қатли сардори бахши ҷустуҷӯи ҷиноии шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Исфара Саидумар Саидов рабт доштани як ҷонибдори фаъоли Ҳаракати исломии Узбакистонро ошкор кардаанд.
Хабаргузории “Авасто” аз қавли мақомоти ин вазорат навишт, ки ҳуввияти нафари гумонбар ташхис шуда ва ӯ таҳти пайгард, аз ҷумла тавассути Интерпол гузошта шудааст.
Ба гуфтаи мақомот, ин нафар ҳамчунин дар қатли боз ду корманди маҳаллии милиса муттаҳам мешавад.
Саидумар Саидов рӯзи 18 сентябр дар маркази шаҳри Исфара бо ду тир аз туфангчаи Макаров кушта шуд.
XS
SM
MD
LG