Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври ниҳоии рақобат барои курсии мудири ЮНЕСКО


Вазири фарҳанги Миср, ки боре таҳдид карда буд, ки китобҳои исроилиро ба коми оташ хоҳад дод, ҳамроҳ бо як дипломати булғор барои курсии раҳбарии ЮНЕСКО, идораи илму фарҳанги СММ вориди сабқат шудаанд. Ин ду номзад дар даври чоруми интихоби мудири ояндаи ЮНЕСКО орои аз ҳама бештар ба даст овардаанд. Дар раъйгирии махфӣ Ирина Бокова, сафири Булғористон дар Фаронса, ва Фаррух Ҳуснӣ, узви собиқадори давлати Миср, ки худро сарсахтона аз иттиҳоми зиддиисроилӣ будан дифоъ мекунад, ҳар кадом 29 раъйи мувофиқ ба даст оварданд. Акнун агар Бокова пирӯз шавад, нахустин зане хоҳад шуд, ки ба раҳбарии ЮНЕСКО меояд. Агар Ҳуснӣ баранда шавад, низ нахустин мудири ин муассисаи СММ аз ҷаҳони араб хоҳад шуд. Даври панҷум ва ниҳоии раъйгирӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Порис имрӯз барпо мешавад.
XS
SM
MD
LG