Пайвандҳои дастрасӣ

Ду ҳамлаи ҷангиён ба посгоҳҳои артиши Покистон


Мақомҳои амниятии Покистон мегӯянд, нирӯҳои артиш шаби гузашта ду ҳамлаи ҷангиёни толиб ба посгоҳҳои амниятӣ дар сарзаминҳои қабиланишини воқеъ дар наздикии марз бо Афғонистонро рафъ карда, 24 ҷангиро ба ҳалокат расондаанд.
Ба гуфтаи мақомот, дар ҷараёни ҳамлаи ҳудуди 100 ҷангӣ ба як посгоҳи артиш дар Вазиристони ҷанубӣ 16 чирикӣ кушта шуданд. Толибон иддао доранд, ки дар ин задухӯрд 45 сарбози артиши Покистонро ба ҳалокат расондаанд.
Мақомот ҳамчунин дар бораи кушта шудани 8 ҷангӣ дар Вазиристони шимолӣ хабар додаанд.
XS
SM
MD
LG