Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи Тоҷикистон наздики якуним миллиард $ шудааст


Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, қарзи хориҷии кишвар имсол 101 миллион доллари дигар афзуда, ба якуним миллиард доллар наздик шудааст. Хабаргузории “Авасто” аз қавли маркази матбуоти ин вазорат навишт, ки дар поёни нимаи аввали соли ҷорӣ қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 1 миллиарду 473 миллион доллар баробар шудааст. Бонки ҷаҳонӣ бо 343,9 миллион доллар, Бонки осиёии рушд – бо 248,9 миллион ва аз байни давлатҳо Чин бо 549,9 миллион доллар қарзи ба Душанбе додааш қарздиҳандаҳои умдаи давлати Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.
XS
SM
MD
LG