Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз ду марзбони тоҷик дар Бадахшон


Ду сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳангоми гаштзанӣ дар канори деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон кушта шуданд. Додситони гарнизони Хоруғ Фармон Шарифов ба хабаргузории Азия плюс гуфтааст, ки сарбозҳо Хусрав Шарифов ва Неъмат Неъматов шоми 14 сентябр ба асари ҷароҳатҳои аз силоҳи оташфишон бардошта ба ҳалокат расидаанд. Сарбози сеюм Ҷаҳонгир Озодшоев, ки низ узви гурӯҳи гаштзанӣ буд, ғайб задааст ва айни ҳол ҷустуҷӯи ӯ идома дорад. Ба гуфтаи додситон, аз рӯи ин ҳодиса парвнадаи ҷиноӣ боз шудааст. Ёдовар мешавем, ҳамон рӯз боз як сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон. Рӯзимурод Хуррамов ҳангоми гаштзанӣ дар канори деҳаи Хумроғи ноҳияи Ванҷ даст ба худкӯшӣ зада буд.
XS
SM
MD
LG