Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии иҷорапулии пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон


Имрӯз Анатолий Сердюков-вазири дифоъи Русия дар ҷараёни боздидаш аз Тоҷикистон дар Душанбе бо вазири умури хориҷӣ ва вазири дифоъи Тоҷикистон паси дарҳои баста мулоқот кард. Дар бораи ҷузъиёти масоили мавриди музокираи тарафҳо хабар дода намешавад. Вале қабл аз вуруди Сердюков ба Душанбе сафорати Русия дар Тоҷикистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфт, дар музокироти ҷонибҳо масъалаи ворид овардани тағирот дар қарордоди ҳар ду кишвар роҷеъ ба шароити ҳуқуқии пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ва қарордоди дигари ҳукуматӣ дар бораи заминҳои марзии Тоҷикистон, ки дар ихтиёри нируҳои Русия қарор дорад, баррасӣ мешавад. Ин ду қарордод моҳи октабяри соли 2004 дар ҷараёни боздиди Владимир Путин-раиси ҷумҳури вақти Русия аз Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд.
XS
SM
MD
LG