Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Литва иҷозаи тафтиши маҳбасҳои махфиро рад кард


Порлумони Литва аз додани иҷоза барои тафтиши иттилоь оид ба маҳбасҳои махфии Хадамоти марказии кашфи Амрико дар қаламрави кишвар сарпечй кард. Дар «маҳбасҳои махфй» гумонбарони терроризм – аъзои гурӯҳи «Ал-Қоида» мавриди бозпурсй қарор мегирифтанд. Кумитаи амният, дифоъ ва равобити байнулмилали порлумони Литва изҳор намуд, ки «ягон далели таъйиди иттилоь дар бораи ташкили ин гуна маҳбасҳо дар қаламрави кишвар мавҷуд нест». Моҳи гузашта расонаҳои амрикой хабар доданд, Литва баьд аз Лаҳистон ва Руминия сеюмин кишваре буд, ки ба Хадамоти марказии кашфи Амрико барои истифодаи қаламраваш оид ба нигоҳ доштан ва бозпурсии гумонбарони терроризм иҷоза додааст.
XS
SM
MD
LG