Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари пинҳонии Нетаняҳу ба Маскав?


Бино ба гузоришҳои матбуоти Исроил, Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири ин кишвар, ҳамин ҳафта ба Маскав сафар кардааст, то масъалаи фурӯши силоҳи русӣ ба Эронро баррасӣ намояд. Рӯзномаи “Йедиот Аҳранот” аз қавли манобеъи худ навиштааст, ки Бенямин Нетаняҳу рӯзи душанбе ба Маскав сафар кардааст, аммо дафтари нахуствазири Исроил гуфт, вай дар ин рӯз дар қароргоҳи хадамоти иттилоъотии он кишвар будааст. Исроил солҳо боз саъй дорад, то Русияро мойил кунад, ки низоми пешрафтаи зиддимушакии ЭС- 300 – ро ба Эрон нафурӯшад, зеро Ғарб метарсад, ки Эрон бо ин система таъсисоти баҳсбарангези атомиашро дифоъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG