Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуго Чавез ба ҷашнвораи синамои Венеция меравад


Интизор меравад, ки шоми имрӯз Ҳуго Чавез-раиси ҷумҳури Венесуэло ба ҷашнвораи синамои Венеция равад. Созмондиҳандагони ҷашнвора мегӯянд, ки раҳбари чапгарои ин кишвари Амрикои Лотин дар нахустнамоиши филми мустанади "Ҷануби Марз" дар таҳияи Оливер Стоун ширкат мекунад. Дар ин филм аз таъсири сиёсатҳои озоди иқтисодии Амрико дар Амрикои Лотин интиқод шудааст. Силсилабоздидҳои Чавез аз кишварҳои ҷаҳон идома дорад. Боздидҳои вай аз Эрону Туркманистон анҷом гирифт. Чавез аз Беларусу Русия низ боздид мекунад.
XS
SM
MD
LG