Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Моликӣ хостори тафтиши таркишҳо дар Бағдод шуд


Нурӣ Ал-Моликӣ, сарвазири Ироқ, аз Созмони Милали Муттаҳид хост, ки сабабҳои силсилаи таркишҳо дар Бағдодро тафтиш кунад. Ин таркишҳо дар канори вазоратҳои молия ва умури хориҷаи Ироқ 19 август рух дода ва мунҷар ба ҳалокати 95 нафар шуда буданд. Дар нома унвонии раиси Шӯрои амнияти СММ Ал-Моликӣ пешниҳод кардааст, ки барои тафтиши қазия комиссиюни мустақили байнулмилалӣ таъсис шавад.
Бағдод мегӯяд, ки ин таркишҳо аз сӯи мусаллаҳони ҳизби Баас, ҳизби ҳукмрон замони қудрати Саддом Ҳусейн, ташкил шудаанд. Мақомоти Ироқ ҳамчунин Сурияро дар пуштибонӣ аз гурӯҳҳои ифротгарои дохили кишвар айбдор мехонанд.
XS
SM
MD
LG