Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии маҷлис аз пешниҳодҳои Аҳмадинажод


Маҳмуди Аҳмадинажод ҳангоми вуруд ба порлумон. 3-юми сентябри соли 2009.

Маҳмуди Аҳмадинажод ҳангоми вуруд ба порлумон. 3-юми сентябри соли 2009.

Порлумони Эрон аз 21 номзади пешниҳодии раисҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, 18 номзадро дар мақомҳояшон тасдиқ кард.

Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ба 18 номзади пешниҳодии президент Маҳмуди Аҳмадинажод дар ташкили ҳукумати нави ӯ раъйи эътимод дод, вале се номзадро рад кард, аз ҷумла ду номзади занро.

Пеш аз баррасии номзадҳо, раисҷумҳури Эрон, ки интихоби такрории ӯ Ҷумҳурии Исломиро ба бӯҳрон рӯбарӯ кард, аз порлумон хост, ҳайати нави ҳукумати ӯро ба ҳайси як "мушти Эрон" ба сурати душманҳои ин кишвар тавсиб кунанд.

Порлумон номзадҳоро якояк панҷ рӯз баррасӣ кард ва бархе аз онҳо зери танқидҳои шадид монданд. Аз ҷумла онҳое, ки баъдан бо вуҷуди чунин интиқод ба тасвиб расиданд. Таҳлилгарон мегӯянд, аксари номзадҳо на дар заминаи донишу таҷрибаи зарурӣ, балки аз рӯи садоқати шахсии онҳо ба Аҳмадинажод интихоб шудаанд.

Номзади баҳсбарангези ба мақоми вазири дифоъ, Аҳмади Ваҳидӣ, ки ҳукумати Аргентина ӯро дар бомбгузории соли 1994 дар маркази яҳудӣ айбдор мекунад, аз тарафи порлумон осон тасвиб шуд.

Вай дар ҳоле пуштибонӣ ёфт, ки ин ҳафта вакилон гуфтанд, ба фишори хориҷии рад кардани ӯ тан нахоҳанд дод.

Ваҳидӣ расман бо касби 80 дарсади раъйҳо дар мақоми вазири дифоъ тасдиқ шуд.

Аввалин бор дар таърихи Ҷумҳурии Исломии Эрон як зан ба мақоми вазир таъин гашт. Устоди донишгоҳ ва собиқ вакили порлумон, Марзия Ваҳид Дастҷирдӣ вазир нави беҳдошт таъин гашт.

Фаҳима Хизрӣ Ҳайдарӣ, рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқи инсон дар Теҳрон мегӯяд, ин тасвиб дастоварде нест, зеро заноне интихоб шуданд, ки барои густариши нақши зан дар ҷомеа на танҳо коре накардаанд, балки баракс бадтар аз мардон ба ин нақш мухолифат варзидаанд.

Ваҳид-Дастҷирдии 50-сола тибқи хабарҳо ҳаводори ҷудо кардани бемористонҳои занона ва мардона аст.

Аммо ду номзади дигари зан, ки Аҳмадинажод пешниҳод карда буд, Савсани Кишоварз ба мақоми вазири омӯзишу парвариш ва Фотима Оҷурлӣ ба мақоми вазири ҳифзи иҷтимоӣ аз тарафи порлумон пуштибонӣ надиданд.

Вазири пешниҳодии энержӣ, Муҳаммади Алиободӣ низ ба эътимоди аксарияти муҳофизакори маҷлис муваффақ нагашт.

Номзадии Масъуди Миркозимӣ ба мақоми вазири нафт низ зери фишор буд. Ӯро танқид карданд, ки барои ишғоли ин мақром таҷрибаи кофӣ надорад ва бояд аз омӯзиши ҷиддӣ гузарад.

Вакил Ҳамидризои Котузиён гуфт, Миркозимӣ, ки ҳоло вазири тиҷорат аст, тавони ҳимоя аз манофеъи Эрон дар конфаронсҳои ОПЕК, созмони кишварҳои содиркунандаи нафтро надорад.

Аммо бо тафовути андаке номзадии Миркозимӣ низ тасдиқ шуд.

Нозирон мегӯянд, бо тасдиқи номзадҳои калидии ҳукумати нав вакилон аз раисиҷумҳури Эрон дар муноқишаи ӯ бо мухолифонаш рӯи натиҷаҳои интихоботи 12-уми июн пуштибонӣ карданд. Бисёре аз эрониҳо бар инанд, ки пирӯзии Аҳмадинажод дар ин интихобот бар тақаллуб асос ёфтааст.

Коршиноси эронии муқими Калифорнияи Амрико, Масъуди Сафирӣ мегӯяд, чунин интизорӣ низ набуд, ки порлумон ба Аҳмадинажод ва сиёсатҳои ӯ мухолифат нишон диҳад. Сафирӣ изофа кард, ки мушкили асосии Аҳмадинажод бо шумораи қобили мулоҳизаи эрониёне хоҳад буд, ки аз бозинтихоби ӯ нохушнуданд.

Пеш аз раъйдиҳӣ дар порлумон Аҳмадинажод гуфт, ҳукумати ӯ ва маҷлиси Шӯрои исломӣ барои таҳкими кишвар ва густариши адл ҳамкорӣ хоҳан кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG