Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили навбатии Маҳмуди Аҳмадинажод


Дар фазои мағшуш раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмаднажод, ҳафтаи оянда ҳайати ҳукуматашро ба порлумон муаррифӣ хоҳад кард.

Ӯро зарур аст, то раъйи эътимоди маҷлисро ба даст биёрад, ки ин дар навбати худ ба маънии соҳиб шудан ба ҳимояти вакилони муҳофизакорест, ки аксарияти курсиҳои порлумони Эрон дар даст доранд.

Аммо зоҳиран ин кор ба Маҳмуди Аҳмадинажод ба осонӣ муяссар нахоҳад шуд. Хабаргузории давлатии ИРНА гузориш додааст, ки вакилони муҳофизакор, аз ҷумла Алии Лориҷонӣ раиси маҷлис ҳамин ҳафта бо Маҳмуди Аҳмадинажод нишасти ғайрирасмие доштаанд, то ӯро мойил кунанд, ки дар мавриди интихоби номзадҳо аз вакилон ҳам машварат бигирад. Аммо Аҳмадинажод, аз ин пешниҳод сарпечӣ карда ва онро мухолифи қонунҳои Эрон хондааст.

Бо назардошти ин баҳс бархе аз соҳибназарони эронӣ мегӯянд, ки ихтилоф миёни раиси ҷумҳур ва атрофиёни муҳофизакораш васеътар мешавад.

Моҳи гузашта, Маҳмуди Аҳмадинажод бо интихоби ёвараш Исфандиёр Раҳим Машоъӣ ба мақоми ноиби раиси ҷумҳури Эрон хашми бисёре аз муҳофизакоронро барангехт.

Аз он хотир ки Раҳим Машоъӣ дар як баёнияааш мардуми Эронро дӯсти мардуми Исроил хонда буд. Интихоби мазкур ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ - раҳбарии олии Эрон ҳам хуш наомад, ки аз Маҳмуди Аҳмадинажод хост, Исфандиёр Раҳим Машоъиро аз мақомаш барканор кунад. Таъхири якҳафтаинаи Маҳмуди Аҳмадинажод дар иҷрои ин амр, хашми муҳофизакоронро бештар кард, ки аз ӯ хостанд, ба гуфтаҳои раҳбари олӣ итоат кунад.

Аҳмадинажод ҳамчунин моҳи гузашта вазирони иттилоъоту фарҳанги Эронро барканор намуда ва ҳадсу гумонҳо доир ба ихтилофот дар миёни муҳофизакорони ҳукуматро бештар кард.

Муҳаммад Содиқ Ҷаводӣ Ҳисор вакили собиқ аз шаҳри Машҳад мегӯяд, дар воқеъ миёни Аҳмадинажоду тарафдорони муҳофизакораш ихтилофот вуҷуд дорад, вале ба ин ҳад нахоҳад расид, ки вакилони мардумӣ номзадҳои баргузидаи ӯро рад кунанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз интихоботи моҳи июн шоҳиди талотумҳои сиёсие шуд, ки пас аз инқилоби исломӣ надида буд. Садҳо ҳазор нафар ба хиёбонҳо рехта ва алайҳи пирӯзии баҳсбарангези Маҳмуди Аҳмадинажод эътироз карданд. Ба гуфтаи манобеъи мухолифин, дар хушунатҳои баъд аз интихоботӣ 69 нафар кушта шуданд.

Бар асоси омори мақомоти расмӣ баъд аз интихобот 4 ҳазор аз тарафдорону фаъолони мухолифин дастгир шуданд ва 100 нафари онҳоро ҳам дар додгоҳи инқилобии Теҳрон муҳокима карданд, ки онро кишварҳои ғарбӣ “муҳокимаҳои намоишӣ” хонданд. Муҳаммад Содиқ Ҷаводӣ Ҳисор мегӯяд, муҳофизакорон саъй хоҳанд кард, то нагузоранд, ки ихтилофоти мавҷудашон амиқтар равад.

Маҳмуди Аҳмадинажод қавл додааст, ки бо ҷалби чеҳраҳои нав ва аз ҷумла ҷавонони зиёд дар ҳукумати ояндааш, “тағйироти чашмгире” хоҳад кард. Гузориш мешавад, ки дар ҳукумати ӯ як вазири зан ҳам шомил хоҳад шуд. Хабаргузории “Меҳр” навиштааст, ки Маҳмуди Аҳмадинажод, табиби эронӣ Марзия Воҳид Дастҷердиро ба ҳайси номзад ба мақоми вазири беҳдошт баррасӣ мекунад.

Интизор намеравад, ки аз чеҳраҳои ислоҳталаб дар ҳукумати нави Аҳмадинажод касе шомил шавад. Аммо тағйироте зиёде ҳанӯз ҳам метавонад дар пеш бошад.

Муҳаммад Ягонлӣ - вакили собиқи ислоҳталаб ба Радиои Озодӣ гуфт, Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамеша сиёсатмадори ғайри қобили пешбинӣ будааст ва метавонад, феҳрасти номзадҳо ба ҳукуматашро ҳамон рӯзи раъйгирӣ дар порлумон ҳам тағйир диҳад.
XS
SM
MD
LG