Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби Аҳмадинажод ба муҷозоти сарони тазоҳурот


Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод талаб кард, ки раҳбарони эътирозҳои баъди интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар интихоботи 12-уми июн Аҳмадинажод пирӯзи шуда, бори дуюм ва ба муддати чор сол зимоми қудратро ба даст гирифт, вале рақибони аслии ӯ таъкид намуданд, ки дар интихобот тақаллуб ҷой дошт.

Аҳмадинажод аз додгоҳи ҷумҳурии исломӣ тақозо кард, бар зидди онҳое, ки ба қавли ӯ "масъули аъмоли ғайриинсонӣ" буда, "дар тани либоси дӯсти мардуми Эрон" ба мардум ва сохтори исломии ин кишвар зарба задаанд, иқдом намояд.

Ба гуфти раисҷумҳури Эрон додгоҳ бояд бар зидди фаъолони эътирозҳо бо бахшояндагии исломӣ амал кунад. Дар айни замон Аҳмадинажод бар ин назар аст, ки сарпарастони асосӣ ва пешвоёни гирдиҳамоиҳо бояд мавриди муҳокимаи қонунӣ қарор гиранд.
IМуҳокимаи ширкаткунандагони тазоҳурот, Теҳрон, 25 августи соли 2009.

Президенти Эрон дар арафаи намози ҷумъаи Теҳрон ба издиҳоми мардумӣ муроҷиат кард. Ӯ номи касеро ба забон наовард, вале таъкид кард, ки ин раҳбарон набояд аз муҷозот масуният дошта бошанд. Дар давоми беш аз ду моҳи гузашта тундгароҳо ба такрор ҳабси собиқ сарвазири эрон ва рақиби аслии Аҳмадинажод дар интихоботи президентӣ Мирҳусейн Мусавиро тақозо кардаанд.

Мақоми баландпояи сипоҳи инқилоби исломии Эрон Ядуллоҳ Ҷавонӣ талаб кард, ки Мусавӣ ҳамроҳ бо раисҷумҳури собиқ Муҳаммади Хотамӣ ва собиқ раиси парламенти Эрон Маҳдии Каррубӣ бояд бо иттиҳоми даъват ба нооромиҳо мавриди муҳокимаи додгоҳ қарор гиранд.

Ба қавли Ҷавонӣ се нафари ёдшуда тарҳрези "инқилоби махмалӣ" дар Эрон мебошанд.

Рӯзноманигори эронӣ Саид Разавӣ Фақиҳ, ки аз тарафдорони Каррубӣ мебошад ва дар давраи интихоботи президентӣ аз раёсатҷумҳурии собиқ раиси парламенти Эрон тарафдорӣ кардааст, мегӯяд, то кунун мақомот бар зидди мухолифин иқдом накардаанд, зеро аз паёмади ин амал хавф доранд.

Мақомоти Эрон беш аз 100 нафар аз ҷумла шуморе аз чеҳраҳои шинохтаи ислоҳотталабонро бо иттиҳоми марбут бо эътирозҳои баъди интихоботӣ ба додгоҳ кашида шудаанд.

Муҳаммади Хотамӣ (аз чап) ва Мирҳусейни Мӯсавӣ.
Мӯсавӣ, Каррубӣ ва Хотамӣ муҳокимаҳои дастаҷамъии мухолифонро бо лаҳни шадид маҳкум кардаанд.
Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел хонум Ширини Ибодӣ ҳам муҳокимаҳоро "масхараи адолати эронӣ" унвон дод.

Рӯзи ҷумъа Аҳмадинажод бори дигар таъкид кард, ки интихоботи президентии 12-уми июн иброз дошт, ки поктарин интихобот буд.

Аҳмадинажод афзуд, ки кишварҳои ғарбӣ ба вижа Британия ҳадаф доштанд ба воситаи ташкили нооромиҳо низоми давлатдории исломии Эронро барҳам занад.

Ҳафтаи равон раҳбарии олии Ҷумҳурии Исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманайӣ айбномаи тундгароҳоро, ки мухолифинро бо ҳамкорӣ бо нерӯҳои хориҷӣ муттаҳам мекарданд, беаҳамият хонд. 26-уми август аснои сӯзҳбат бо донишҷӯён Хоманайӣ иброз дошт, ки ин иттиҳом исбот нашудааст.

Дар айни замон раҳбари олии Ҷумҳурии исломӣ илова кард, эътирозҳо, ки баъди эълони пирӯзиии Аҳмадинажод оғоз ёфтаанд, дар хориҷ аз кишвар тарҳрезӣ шуда буданд.

Ҷолиб ин аст, ки рӯзи ҷумъа президенти Эрон ҷой доштани латту кӯб ва шиканҷаи эътирозгарони боздоштшударо эътироф кард, аммо афзуд, ки ин ҳам кори душманони Эрон ва мухолифин аст.

Аҳмадинажод тафсилоти бештар надод, вале гуфт, ки дар баробари эътирозгарон афсарони басиҷ ҳам латту кӯб шуда буданд.

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар муқобили эътирозгарони боздоштшуда, аз латту кӯби бераҳмона ва шиканҷа кор гирифта шудааст.

Мақомоти Эрон изҳор намуданд, ки дар эътирозҳои баъди интихроботӣ камаш 30 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аммо мухолифони ҳукумати Эрон бар ин назаранд, ки аснои таъқиби эътирозҳо наздик ба 69 кас ҳалок шудаанд, ки аз он ҷумла ду нафар дар зиндон ҳаёташонро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG