Пайвандҳои дастрасӣ

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ - раҳбари олии Эрон мегӯяд, ҳеҷ далелеро надидааст, ки раҳбарони мухолифони мӯътариз ба натиҷаҳои интихобот бо кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ карда бошанд.

Ин баёнияи Хоманаӣ, ки аз тариқи телевизионҳои давлатии Эрон нашр шуд, ба иддаъоҳои пешинаи сиёсатмадорони тундрави кишвар мухолифат мекунад, ки гуфтаанд, тазоҳуроти баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи июн бо ҳимояти Амрико ва Бритониё ва бо қасди сарнагун кардани низоми исломӣ ташкил шудааст.

Айни замон муҳокимаи чандин нафар аз чеҳраҳои мухолифин дар Эрон идома дорад, ки ба барангехтани нооромиҳои пас аз интихоботӣ муттаҳам мешаванд.

Мухолифон дар Эрон мегӯянд, ки дар интихоботи 12 июн ба нафъи Маҳмуди Аҳмадинажод тақаллуби густурдае сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG